МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН БО СУРЪАТ АФЗОИШ МЕЁБАНД

Февраль 5, 2009 11:16

                    Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мулоқот байни вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода ва вазири бозоргонии Ҷумҳурии Исломиии Эрон Сайидмасъуд Миркозимӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот тарафҳо изҳор доштанд, ки дар соли 2008 муомилоти мол байни ин ду кишвари ҳамзабон 216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007 якчанд маротиба зиёд аст.                    Ҳамчунин зикр гардид, ки соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 23 ҳазор тонна алюминий ва 21,4 ҳазор тонна нахи пахта, ба қадри зиёд пилла ва меваю сабзавот содир намуд. Аз Эрон ба кишвари Тоҷикистон бошад маводи сӯхт, маводи хӯрока, аз ҷумла равғани растанӣ, гандум, тухми мурғ, гӯшт, шакар ва инчунин кӯмакҳои башардӯстона ворид гардид.                  Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар давоми соли 2008 якчанд намоишгоҳи молу таҷҳизоти ширкатҳои мухталифи Эрон баргузор гардид. Бо ҳамкории мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди чандин иншооти муҳим идома дорад, ки Нақби «Истиқлол» дар байни онҳо мавқеи хос дорад.                  Имрӯзҳо дар нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда 2» корҳои сохтмону васлкунӣ идома дошта, сохтмони роҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, хати интиқоли барқ ва амсоли инҳо дар ояндаи наздик дар назар аст.  

Февраль 5, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд