РАШТ БА КИШТИ БАҲОРИИ КАРТОШКА ТАЙЁР НЕСТ

Февраль 18, 2009 11:38

               Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини вазири кишоварзӣ С. Исроилов, дар ноҳияи Рашт то 1-уми феврали соли 2009 гандуми тирамоҳӣ дар ҳамаи 2678 гектар заминҳои киштшуда хеле хуб рӯида, барои додани озуқа тайёр шудааст. Кишти тирамоҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 629 гектар зиёд аст.               Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, соли ҷорӣ тибқи дурнамо дар ноҳия дар майдони 580 гектар картошка кишт карда мешавад. Барои кишти ин миқдор замин 2030 тонна тухмии хушсифати картошка зарур аст. Комиссияи санҷишии вазорат муайян кард, ки дар ноҳия ҳамагӣ 840 тонна картошка захира карда шудааст, ки аз меъёри зарурӣ 1190 тонна кам аст.

Февраль 18, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад