СӮҲБАТ Э. РАҲМОН БО А. ШИММЕЛПФЕННИНГ

Февраль 18, 2009 13:38

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.                 Аксел Шиммелпфенниг ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба кори гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор, ки тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои барномаи анҷомёфта ва таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ гузарондаанд, гузориш дод.                Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои молиявию бонкии кишвар ҳамаи шарту шароитро барои идома ва густариш додани ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмонҳои байналмилалию кишварҳои мададрасон иҷро намудааст.                Ба гуфти ӯ, марҳилаи аввали гуфтушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ ба поён расид. Мутобиқи ин барнома Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад.                Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин таъкид намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасонро низ ба расондани кӯмакҳои молиявӣ ба Тоҷикистон ташвиқ хоҳад кард.                Зимни сӯҳбат тарафҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ПРезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Февраль 18, 2009 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд