САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар даҳаи авали моҳи феврали соли ҷорӣ гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар ҳайати муовини вазири кишоварзӣ М.Қодиров, сардори муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиконии кишоварзӣ Ю. Муродов, муовини сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинӣ А. Қодиров, муовини сардори Раёсати сиёсати техниқӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ А. Фаттоев, сардори Раёсати чорводорӣ С.Назаров бо мақсади мусоидат ба иҷрои қарору барномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи рушди кишоварзӣ ба ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат сафари кориро анҷом дода, омодагии хоҷагиҳоро ба кишти баҳорӣ санҷиданд. Гурӯҳи корӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар бораи гузаронидани кишти саривақтии баҳорӣ, ғизодиҳии зироатҳои тирамоҳӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ то 1-уми апрели соли ҷорӣ маслиҳату дастурҳои мушаххас доданд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






