ТАЙЁРӢ БА АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАР
Душанбе, 5 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 4 феврал дар Душанбе пленуми навбатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он даҳ масъалаи нисбатан муҳими фаъолияти ҷамъият баррасӣ шуд. Муншии умумии ҷамъият З.Муҳаббатов дар ҳузури роҳбарони филиалу шӯъбаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии ҷамъият дар бораи натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2008 ҳисобот дод. Сардори шӯъбаи молияи ҷамъият Саломатшо Қадамов роҷеъ ба иҷрои нақшаҳои молиявии соли гузашта ва лоиҳаи буҷети ҷамъият дар соли 2009 сухан ронд. Иштирокчиёни пленум инчунин, масъалаи тайёриро ба анҷумани ғайринавбатии Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар муҳокима карданд, ки тибқи нақша бояд 28 март гузаронида шавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






