«ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН»
Душанбе, 30 март, (АМИТ «Ховар», Хайригул Маҳмудова). — Китоби нави устоди сухан ва суханвари шинохтаи тоҷик Назри Яздонӣ «Ҳикмати озодагон» ба дасти хонанда расид. Ин асар ҳадафи мушаххасу пурифтихор дорад — хонандаро бо беҳтарин арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва таърихи бо шеваи бисёр оммафаҳм ошно месозад. Сухан аз ормонҳо ва арзишҳои миллии тоҷик аст. Матлаби асар, ки шинохти асолати миллӣ аст, ҳамчунин мавриди бозшиносӣ, таҳаввул, табдил ва тағийр қарор гирифт. Яке аз рукнҳои мавзӯъ арзишҳои хонаводагӣ мебошад, ки анъанаи муносибати зан ва шавҳар, волидону фарзандон, бобоёну наберагон, гиромидошти ҳуқуқи бародариву хоҳарӣ аст. Шинохтан, тарғиб кардан ва дӯст доштани хазинаи маънавии ниёгони бузургу имконсозамон ҳаст, ки моро барои худамон мешиносад ва таъми зиндагии ботинии инсонро пурарзиштарин ҷавҳари ҳастӣ муаррифӣ мекунад. Асари тозаи адиб ва шоири шинохта Назри Яздонӣ моро ба кӯи шинохтан ва пазируфтани чунин матлабҳои оливу имонҷӯ чун ду кафи кушодаи муршиди доно ва орифи равшанзамир фотеҳаи маърифатшиносӣ медиҳад. Азбаски дар сухану ақидаи шахсии адиб ҳиммат ва садоқат ташхис карда мешавад, пас бегумон равшанӣ дар чорсуст. .








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






