ҶАВОНОН ҲАДАФИ ҶУНБИШУ ҲАРАКАТҲО ҚАРОР МЕГИРАНД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои коршинос-директори институти ҷамъиятии «Тамадддун ва ҷавонон»-и вилояти Суғд Абдусамад Султонов, «ҳар як ҳаракату ҷунбишҳои экстремистию радикалӣ, ки дар ҷумҳурӣ паҳн мешавад, бевосита ба ҷавонон такя мекунад» Ба гуфти ҳамин манбаъ, аввалин аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» ҷавонон буданд. Имрӯз ҳам аксари аъзои равияи «Салафия» ҷавонон мебошанд. Ба гуфти коршинос мушкилоти асосие, ки домангири ҷавонон гардидааст, ин бекории онҳост, ки роҳи ҳалли худро пайдо карда наметавонад. Панҷ соли охир муҳоҷирати меҳнатиро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди он ки ҷавонон дар хориҷи кишвар барои худ кор ёфта хешу ақрабояшонро бо маблағ таъмин мекунанд, аммо вақти рушди зеҳнии худро аз даст медиҳанд, ки оқибатҳои ногувор дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки «сиёсати ҷавонон ба таври объективӣ баррасӣ шавад, то калавиш ба ҳар гуна ҳаракату ҷунбишҳо миёни ҷавонон хотима ёбад»,-мегӯяд Абдусамад Султонов.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






