ДАЪВАТИ МУНШИИ УМУМИИ СММ

Март 4, 2009 09:21

                     Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муоҳидаи Оттава дар бораи манъи истеҳсолу истифода ва захира кардани минаҳои зиддипиёдагардон 10 сол пеш қабул шуда буд. Дафтари матбуоти СММ хабар медиҳад, ки дар ин муддат дар мамлакатҳои гуногун даҳҳо миллион мина безарар гардонда шуд. Айни ҳол истеҳсол, истифода, фурӯш ва ба мамлакатҳои дигар додани чунин минаҳо тақрибан қатъ гардидааст. Соли гузашта дар ҷаҳон бештар аз 200 ҳазор мина безарар гардонда шуд. Аз ҷумла, дар Афғонистон қариб 80 ҳазор минаи зиддипиёдагардон нобуд карда шуд. Муоҳидаи манъи истифода, захира кардан ва ба мамлакатҳои дигар додани минаҳои зиддипиёдагардон ва нобуд сохтани онҳо 18 сентябри соли 1997 қабул карда, 1 марти соли 1999 эътибор пайдо намуд.                   Муоҳидаи мазкурро айни ҳол 156 мамлакат эътироф намуда аст. Вале то ҳол сокинони 80 мамлакат дар натиҷаи мавҷудияти минаҳои марговар дар шароити тарсу ҳарос зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳар сол дар миқёси ҷаҳон қариб 20 ҳазор нафар бар асари таркиши минаҳо ҳалок мегардад.                   Муншии умумии СММ ба муносибати даҳсолагии қабули муоҳидаи Оттава давлатҳои ҷаҳонро бори дигар даъват намуд, ки барои нобуд сохтани ҳамаи минаҳои зиддипиёдагардон, расондани кӯмак ба осебдидагон ва мамлакатҳои гирифтори ҷанг тадбирҳои иловагӣ андешанд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли 2008 дар Тоҷикистон бар асари таркиши минаҳо 4 нафар ҳалок ва 9 нафар маҷрӯҳ гардид. Дар Тоҷикистон баъди соли 1992 дар натиҷаи таркиши минаҳои зиддипиёдагардон 350 нафар ҳалок ва 443 нафар маҷрӯҳ шудааст.  

Март 4, 2009 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд