ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ РУШДИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН ВУСЪАТ МЕЁБАД

Март 30, 2009 13:56

                    Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ба оғози фаъолияти Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Тоҷикистон 15 сол пур шуд. Фаъолияти он дар Тоҷикистон соли 1992 оғоз ёфта буд, соли 1993 дар шаҳри Душанбе намояндагии Агентӣ кушода шуд. Халқи Амрико аз ҳамон солҳо сар карда, ба воситаи барномаҳои гуногун барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, тандурустӣ, маориф ва сохторҳои демократӣ зиёда аз 300 миллион доллар ҷудо намуд. Илова бар ин барои бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги дохилӣ ва фалокатҳои гуногуни табиӣ кӯмакҳои хайрия расонда шуданд.                   Сафири кабири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки фаъолияти агентӣ айни ҳол ба вусъат бахшидани ҷараёни ислоҳот дар мамлакат, беҳтар намудани шароити тиҷорату сармоягузорӣ, густариши фаъолияти худидоракунии маҳаллӣ, дастгирии маориф, истифодаи таҷрибаи мусбати соҳаи тандурустии байналмилалӣ, пешгирии бемориҳои вазнин ва ғайра равона шудааст.                    Буҷети агентӣ дар Тоҷикистон соли 2010 ба 45 миллион доллари ИМА мерасад, ки нисбат ба буҷети мамлакатҳои дигари минтақа зиёд аст, гуфт сафир.

Март 30, 2009 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад