ХИШТИ НАХУСТИНИ БИНОИ НАВИ САФОРАТИ АФҒОНИСТОН ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шоми 30 март дар шаҳри Душанбе хишти нахустини пойдевори бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Дар маросими он сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмуҳаммади Хайрхоҳ ва муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ва дигар намояндагони идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштирок доштанд. Тибқи иттилои корманди бахши матбуоти сафорати Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳақи Ориёнфар, бинои нави сафорати Афғонистон дар кӯчаи Маяковскийи Душанбе дар масоҳати 1 гектар замин ба маблағи беш аз 4 миллион доллари ИМА сохта мешавад. Бинои нави сафорат аз ҷониби ширкати сохтмонии «Рустбахт»-и Тоҷикистон, ки дар тендер дар миёни 28 ширкати сохтмонӣ ғолиб омадааст, дар зарфи 2 сол бунёд карда мешавад. Бинои нави сафорат аз чор ошёна иборат буда, дар он сафорат, консулгарӣ, қароргоҳи сафир ва иқоматгоҳи намояндагони дипломатии Афғонистон ҷойгир карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз соли 1995 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардааст. Консулгарии ин кишвар ҳанӯз дар замони побарҷо будани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз соли 1990 фаъолият менамояд. Алҳол, бинои сафорати Афғонистон дар кӯчаи Мирзо Турсунзода — 124 воқеъ мебошад.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






