М. УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ ТАҚВИЯТИ РОБИТАҲОИ ПАРЛУМОНӢ БО ФАРОНСА ШУД

Март 3, 2009 11:07

                       Душанбе, 3 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни мулоқоташ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани нақш ва мавқеи Фаронсаро дар ҳалли проблемаҳои глобалии умумиҷаҳонӣ бахусус дар давраи раисии ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо дар соли 2008 махсус таъкид намуда, баҳои баланд дод. Ҳамзамон, Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон саҳми Фаронсаро дар муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстримизм ва дигар зуҳуроти номатлуб махсус қайд намуд.                      М. Убайдуллоев ба Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар мавриди амалӣ сохтани лоиҳаҳои муҳим, ки дар кишвари мо аз ҷониби институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудаанд, минатдории самимӣ изҳор карда, доир ба дастгирӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба дар гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар соли 2005, азнавсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе сипосгузорӣ намуд.                     Зикр шуд, ки барои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, бахусус дар бахши гидроэнергетика захираю имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд ва дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, аз онҳо бояд пурра истифода бурд.                     Ҳамзамон, ҷонибҳо роҷеъ ба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар ибрози назар намуданд. Дар робита М.Убайдуллоев зарурати такон бахшидани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро аз самтҳои аввалиндараҷаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса арзёбӣ кард. М. Убайдуллоева таъсис додани гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Фаронсаро пешниҳод кард. Ин пешниҳоди муфид аз ҷониби дипломати фаронсавӣ пазируфта шуд. Сафири Фаронса Анри  Зиппер де Фабиани омодагии ҷониби Сафорати Фаронсаро ҷиҳати мусоидати намудан ба таҳкими ҳамкориҳо иброз дошт.

Март 3, 2009 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд