МУЛОҚОТИ ҲАЙАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 4 март. (НИАТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 3 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқоти ҳайатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки онҳоро котибони Шўрои амнияти ин кишварҳо Амирқул Азимов ва Адахан Мадумаров сарварӣ менамоянд, баргузор шуд. Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон губернатори вилояти Боткен Мурадбек Ҷумъабеков, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, хадамоти марзбонӣ, ҳамчунин раисони навоҳии ҳамарзи қирғизии ҳаммарз бо вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар музокироти мазкур раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашўр, вазири мелиоратсия ва хоҷагии об Саиди Ёқубзод, директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, хадамоти марзбонӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. Ҳайатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон рафти иҷрои созишномаҳои байни ин кишварҳо имзогашта, аз ҷумла Баёнияи муштараки президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз 16 майи соли 2008 (шаҳри Хуҷанд) ва рафти татбиқи қарорҳои Ёддошти мулоқоти ин ҳайатҳоро дар шаҳри Боткан аз 26 ноябри соли 2006 мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳоро оид ба ҳамкории байнидавлатӣ дар сатҳи намояндагии вазорату идораҳои иштирокдори мулоқот баррасӣ намуданд. Дар фарҷоми ин мулоқот аз рўи масъалаҳои баррасишуда Ёддошти мулоқоти ҳайатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби котибони Шўрои амнияти ин кишварҳо Амирқул Азимов ва Адахан Мадумаров ба имзо расид.








СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд






