ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР КӮЛОБ

Март 31, 2009 15:26

               Кӯлоб 31 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов, Зебо Иноятова).-Шумораи гирифторони бемории сил дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48% кам гардид. Сардухтури маркази мубориза бар зидди касалиҳои сили шаҳри Кӯлоб Раҳматулло Ҷумъаев чунин гуфт: «Айни ҳол 190 беморони сил дар беморхона табобат мекунанд, ки 23-тои онро кӯдакон ташкил медиҳанд».                Ба гуфтаи ӯ пайдоиш ва авҷ гирифтани ин беморӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, сатҳи пасти иқтисодии мардум ва хунук задани узви бадан мебошад, ки бештари беморон аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирӣ намудани ин бемории сироятӣ бо дастгирии барномаи «DOТS» таъмини доруворӣ ва таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол 70% мутахассисон дар беморхона фаъолият менамоянд. Барои муолиҷаи бемории сил мутахассисони ботаҷриба хело кам мебошад. Дар тӯли як соли сипаригардида аз ин беморӣ 9 нафар фавтидаанд.

Март 31, 2009 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд