СӮХТОР ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 27 март дар хонаи сокини 36 -солаи ш. Хуҷанд Бурҳон Ғиёсов сӯхтор ба амал омад, ки масоҳати 100 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа пешайвон ва мошини сабукрави тамғаи «Ford-Mustang» сӯхта нобуд шуд. Дар автомашинаи сӯхташуда писарчаи 3-солаи Бурҳон- Маҳмадалӣ буд, ки дар натиҷаи сӯхтани автомашина ҳалок шуд. Худи соҳиби хона маҷрӯҳ шуд ва дар беморхона бистарӣ гардид. Барои хомӯш кардани сӯхтор мошинҳои сӯхторхомӯшкунии шӯъбаи 23,24-уми ш. Хуҷанд равона карда шуданд. Дар натиҷаи шамоли сахт оташ хонаи ҳамсояи Б. Ғиёсов- Саодат Раҳмоноваи 33 -соларо низ фаро гирифт. Дар ин ҳавлӣ низ иморатҳои аз чӯб сохташуда оташ гирифтанд. Инчунин, бар асари сӯхтори мазкур хонаи ҳамсояи дигари Б. Ғиёсов- Б. Султоноваи 56- сола оташ гирифт. Дар ин ҷо масоҳати 70 метри мураббаъ манзил ва микроавтобуси РАФ сӯхта нобуд шуд. Кормандони гурӯҳи зудамали ШКД ш. Хуҷанд ва роҳбарияти Раёсати сӯхторхомӯшкунии шаҳр ба ҷои воқеа омаданд. Масоҳати умумии сӯхтор 220 метри мураббаъро ташкил дод, заррари моддии он 25 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд. Аз раёсати сӯхторхомӯшкунии ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои тафтиши ин воқеа гурӯҳи тафтишотӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷаи тафтиш гунаҳкори сар задании сӯхтор муайян карда мешавад. Тарчумаи Иноятова З.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






