САҲНАЧАҲОИ ҲАҶВӢ БО ИШТИРОКИ «НИКУЛИНИ ТОҶИК»

Март 5, 2009 14:44

                 Душанбе, 5 март. (АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Сирки давлатии Тоҷикистон бахшида ба иди «Навруз» барномаи идонаи махсусро тайёр намуд. Он таҳти роҳбарии директори студияи ҳунарҳои сиркӣ Ашӯр Раҷабов таҳия шудааст. Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини директори Сирк Давлат Сафаров иброз дошт, ба барномаи мазкур саҳнаҳои нав ва баромади анъанавии гимнастҳо, атраксиони ҳайвонҳо ва масхарабозҳо дохил мешаванд. Саҳначаҳои ҳаҷвиро яке аз масхарабозони машҳури тоҷик Ҷамолиддин Садриддинов, ки зиёда аз 40 сол дар саҳнаи сирки тоҷик баромад мекунад, иҷро менамояд. Масахарабози машҳури рус Юрий Никулин ӯро «Никулини тоҷик» номида буд.                Барномаи наврӯзӣ аз 21 март оғоз ёфта, то охири моҳ давом мекунад.  

Март 5, 2009 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид