САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

Март 16, 2009 09:06

                     15 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсул аз минтақаи озоди иқтисодии Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иштирок дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, ки пагоҳ дар шаҳри Станбул кораш оғоз меёбад, ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.                     Худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок намуд.                      Дар маросими ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон, ҳайати расмии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Анқара ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави сафорати Тоҷикистон иштирок намуда буд.                     Инак баъди се сол бинои нави сафорати Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини шаҳри Анқара расман ба истифода супурда шуд.                     Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кормандони сафоратро бо ин рӯйдоди арзишманд табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо ифтитоҳи бинои нав ва муҳайё гаштани шароити хуби корӣ самараи фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия боз ҳам бештар мегардад.                      Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон зимни суханронии табрикии худ Тоҷикистонро кишвари дӯсту бародар ва дорои фарҳанги пурғановат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Туркия минбаъд низ муносибатҳои гуногуҷанбаи худро бо Тоҷикистон таҳкиму густариш хоҳад дод.                      Дар назди сафорат бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон бардошта шуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои нави сафорат як навниҳоли ҳамешасабз шинонд.Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Анқара ба шаҳри Станбул рафт.Бегоҳии 15 март Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва Сарвазири ин кишвар Реҷеп Тейип Эрдоган мулоқот анҷом медиҳад.                      16 март Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Март 16, 2009 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид