САНЪАТКОРОН ОГОҲИНОМА МЕГИРАНД

Март 13, 2009 10:48

                     Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо назардошти сатҳи пасти андозбандии санъаткорон, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ раёсатҳои андози дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро вазифадор кардаааст, ки тибқи қонунгузории андоз ба сарояндагону навозандагон, ки ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд, огоҳинома ирсол намуда, санади муқоисавӣ тартиб диҳанд.                     Ҳамчунин, баҳри бартараф намудани камбудиҳои дар соҳаи андозбандӣ ва андозсупориро аз тарафи санъаткорони ба соҳибкории инфиродӣ машғулро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.                     Ёдовар мешавем, ки барои санъаткороне, ки фаъолияти соҳибкорӣ доранд, маблағи пардоҳти патент дар як моҳ 115 сомонӣ ва дар як сол аз рӯи фаъолияти 10 моҳа 1187,5 сомониро ташкил медиҳад.                     Дар сурати пардохти бетаъхири андоз аз ҷониби 660 нафар санъаткорони ба соҳибкории инфироди машғул ба буҷаи мамлакат дар як сол 759 ҳазор сомонӣ маблағ ворид мешавад.

Март 13, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад