«ШИРИНИҲОИ ШАРҚ» САЗОВОРИ ДИПЛОМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ГАРДИД

Март 12, 2009 15:35

                    Ба наздикӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими супоридани ҷоизаҳои гуногуни Созмони байналхалқии назарсанҷии «Роҳбарони ташаббускори асри ХХ1» баргузор гардид. Ин ширкат Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шириниҳои Шарқ»-ро ба мукофоти олӣ, Дипломи «Барои комёбиҳои тахассусӣ дар ҷаҳони имрӯза ва саҳми калон дар рушди зеҳнии ҷомеа» сазовор донист. Бо ин мақсад мухбири АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки оид ба фаъолияти ҶДММ «Шириниҳои Шарқ» бо директори он Толиб Ғайратов ҳамсӯҳбат шавад.                    Мӯҳтарам Толиб Ғайратов, ин мукофоти олӣ барои кадом дастовардҳои Ҷамъият дода шуд?                   — Ин ҷоиза, аслан, барои сифати олии маҳсулот ва хизматрасонӣ мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ, сифати бенуқсону намунавии тамоми маҳсулоти қаннодии сирф аз ашёи хоми табиӣ тайёршуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар бе илова намудани моддаҳои химиявӣ (консервантҳо) ва рангҳои ғайритабиӣ истеҳсолшуда, дода шуд.                   — Лутфан мегуфтед, ки барои тайёр намудани маҳсулоти қаннодии корхона аз маводи хоми дохилӣ истифода карда мешавад ва ё аз хориҷи кишвар низ ворид менамоед?                   — Мо маҳсулотро аз корхонаҳои дохили ҷумҳурӣ харидорӣ менамоем, ки ин барои рушди соҳаи соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат намуда, ҳамчунин ба ғанӣ гардидани буҷаи давлат боис мегардад. Вале, дар баъзе мавридҳо ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифати маҳсулот баъзе мавод аз хориҷи кишвар низ ворид карда мешавад.                     Ҳамкории «Шириниҳои Шарқ» бо ширкатҳои дигари ватанию хориҷӣ дар кадом сатҳ аст?                    — Ҳамкориҳои ҶДММ «Шириниҳои Шарқ» бо ширкатҳои дохили кишвар, аз ҷумла ҶДММ «Шириниҳои Шарқ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶДММ «Шириниҳои Шарқ» -и шаҳри Чкалови вилояти Суғд ва берун аз кишвар бо ширкатҳои «Сладости Востока»-и Ҷумҳурии Қирғизистон, «Ширин дунё»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон хуб ба роҳ монда шудааст. Мо таҷрибаи ҳамдигарро дар бобати дастрас кардани ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти нав, ба ҳисоб гирифтани талаботи бозор ва ба фурӯш баровардани он меомӯзем. Ин барои тиҷорат ва муаррифии мо дар дохил ва хориҷи кишвар хеле муфид аст.                     Тавре маълум аст, имрӯз дар ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмини ҷойи кор бо шарту шароити мусоид аст. Дар корхонаи Шумо ин масъала чӣ гуна аст ва ҷиҳати ҳавасмандии кормандон кадом чораҳо андешида мешаванд?                    — Дар ҳақиқат рост аст, ки имрӯз яке аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷумҳурӣ ин таъмини ҷойи кор бо ҳама шароити мусоид мебошад. Ва ин масъала дар корхонаи мо хуб ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мо бо технологияи нави ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз буда, коргоҳҳои он пурра ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд.                   Дар корхонаи мо зиёда аз 170 нафар кор мекунад ва онҳо дар доираи вазифаи ишғолкардаашон музди меҳнат мегиранд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин, албатта, талаботашонро қонеъ мегардонад. Далели ин гуфтаҳо бо дасту дили гарм кор кардани аҳли заҳмати корхона мебошад. Ҳамзамон дар корхонаи мо шароити меҳнат ва вазъи молиявӣ рӯз ба рӯз беҳтар мегардад, ки ин барои аз ҳар лиҳоз ҳавасманд гардонидани кормандон мусоидат менамояд. Ин аст, ки онҳоро барои истеҳсоли боз ҳам хубтару хушсифати маҳсулоти қаннодӣ водор менамояд.                     Дар бораи навъ ва сифати шириниҳои истеҳсолмешуда чӣ гуфта метавонед. Оё онҳо ба меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шудаанд?                   — Ширкати «Шириниҳои Шарқ» инфраструктураи истеҳсолии тараққикарда ва ирсолкунандаи маҳсулоти қаннодии ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ дошта, дар истеҳсолот технологияи нави истеҳсолии қаннодиро ҷорӣ намудааст, ки бо истифода аз он имконияти истеҳсол намудани маҳсулотро мутобиқи стандартҳои байналхалқӣ таъмин намуда, сифати баланди маҳсулотро кафолат медиҳад.                    Дуруст аст, ки нархи истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози сифат олӣ нисбат ба маҳсулоти пастсифат гаронтар меафтад. Мегуфтед, ки тафовут байни нархи маҳсулоти корхонаи шумо ва бозор чӣ гуна аст?                  — Бале, шумо дуруст зикр намудед, он маҳсулоте, ки бо истифода аз таҷҳизоти наву замонавӣ ва ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад ва ин ҳам бошад аз навъҳои гуногуни ғизои ҳақиқӣ ё ба истилоҳ натуралӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, қимати он низ нисбат ба маҳсулоти тавлиднамудаи дигар корхонаҳо бояд фарқ намояд. Маҳсулоти корхонаи мо вобаста ба талаботи рӯзафзуни бозор талаботи мардум нархгузорӣ карда мешавад. Албатта, он нархе, ки бо он маҳсулоти корхонаи мо ба фурӯш бароварда мешавад, аз нархи бозорҳои пойтахт ва умуман ҷумҳурӣ нисбатан арзон аст ва аз тарафи дигар истеъмолкунанда мехоҳад ҳама гуна маҳсулотро ҳам бо нархи арзон ва ҳам сифати хуб харидорӣ намояд.                   Ба наздикӣ Иди баҳор — Наврӯз дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешавад, ки чун анъана яке аз рукнҳои он оростани дастархон мебошад. Баҳри ғанӣ гардонидани дастархони идонаи мардуми кишвар аз ҷониби корхонаи шумо кадом намудҳои нави маҳсулот пешкаш мегарданд?                 — «Шириниҳои Шарқ» ба харидорони худ дар Иди Наврӯз шумораи зиёди намунаҳои хушсифати маҳсулоти қаннодӣ, аз қабили тортҳо, пирожниҳо, кулчақандҳо, маҳсулот аз хамирҳои варақӣ ва шириниҳои шарқиро дар мағозаҳое, ки барои фурӯши маҳсулоти қаннодӣ махсус гардонида шудаанд, пешкаш менамояд.                  Нақшаҳои шумо дар оянда чи гунаанд?                  — Нақшаҳои мо дар оянда боз ҳам зиёд кардани шумораи коргарон, истеҳсоли навъҳои нави маҳсулоти ҳушсифат бо истифода аз технологияҳои нави пешқадами ҷаҳонӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити меҳнативу молиявии кормандон мебошад. Инчунин, барои боз беҳтар намудани сифати маҳсулоти корхона мо ният дорем, ки аз ашёи хоми табиии ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ истифода намоем, то бо ин роҳ тавонем боз ҳам дар озмунҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардем ва ҳам обрӯи кишвар ва ҳам корхонаро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардорем.                                                                                                                                         Дилшода Ҷонмардова                                                                                                                                                    АМИТ «Ховар»

Март 12, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт