ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИКИСТОН САЗОВОРИ СЕРТИФИКАТИ НИЗОМИ ТИҶОРАТИИ СИФАТ ГАРДИД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» сазовори сертификати низоми тиҷоратии сифат гардид. Қарор дар бораи додани сертификати мазкур баъди гузаронидани тафтиши байналхалқии молиявӣ дар корхона қабул шуд. Сертификати мазкур ба корхона имкон медиҳад, ки барои фурӯши маҳсулоташ дар бозори ҷаҳон бо ширкатҳои калонтарини соҳа рақобат кунад. Сертификати мазкур инчунин шаҳодати мавқеи устувори ширкат дар байни корхонаҳои калонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Ширкати алюминии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, низоми тиҷоратии сифатро ҷорӣ намуд ва дар ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки сазовори чунин сертификат гардидааст.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






