СОХТМОНИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ
Мӯъминобод, 5 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо ташаббуси раиси ноҳияи Мӯъминобод Сафаралӣ Зокиров дар ноҳия сохтмони қасри фарҳанг муташаккилона ҷараён дорад. Сардори хадамоти назорати техникии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муҳаббат Файзов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт,ки Қасри фарҳанг барои 420 ҷой сохта шуда, маблағи умумии он 5.5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба қавли ӯ дар соли 2008 маблағи 100 ҳазор сомонӣ баҳри корҳои сохтмонӣ ва васлгирӣ масраф гардида, дар соли 2009 барои идомаи кори сохтмон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Қасри фарҳангро коргарони ҶДММ «Симбод сохтмон» месозанд. Мувофиқи нақша, ояндаи наздик дар ноҳия бо маблағи бюҷаи Ҷумҳурӣ ва маҳалӣ бинои Шӯрои ҷамоати шаҳраки Ленинград ба маблағи 450 000 сомонӣ, хати канализатсия дар посёлкаи Ленинград ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони мактаб барои 100 хонанда дар ҷамоати Чилдухтарон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта мешавад гуфт Муҳаббат Файзов.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






