СОХТМОНИ БИНОИ НАВ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб 31 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов, Зебо Иноятова).-Дар шаҳри Кӯлоб бо сарпарастии Агентии ҳифзи Иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои маъмурӣ ва коркарди иттилооти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон вусъат меёбад. Сохтмони бинои мазкур аз тарафи ширкати серсоҳавии хусусии истеҳсолӣ ва тиҷоратии «Марҷона» ба итмом хоҳад расид. Мувофиқи нақша бино аз 4 ошёна ва зиёда аз 54 утоқи корӣ иборат буда, маблағи он беш аз 7 миллион сомониро дар бар мегирад. Файзали Алиев сардори ширкат вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Айни ҳол дар сохтмони бино 20 нафар сохтмончиён ба сохтани таҳкурсӣ машғуланд. Дар соли 2009- 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда 100 ҳазор сомонии он масраф гардидааст». Аз тарафи ин ширкат дар ояндаи наздик барои обёрӣ намудани маҳаллаҳои Сино, Вализода ва Ҷомӣ бо маблағи 860 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






