ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 12 март (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомадҳои ботантана баргузор гардиданд. Яке аз чунин ҷамъомадҳо бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил карда шуд. Котиби шӯъбаи вилоятӣ Илҳом Ҷамолиён ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи матбуот табрик намуд. Дар ҷамъомад муовини раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев сухан кард. Вай аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кормандони беҳтарини воситаҳои ахбори оммавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Аз ҷумла, сармуҳаррири ҳафтаномаи вилоятии «Согдийская правда» Владимир Тарасов, директори студияи телевизиони шаҳри Исфара Саҳобҷон Қурбонов, котиби масъули ҳафтаномаи вилоятии «Согдийская правда» Владимир Вяхирев ва дигарон сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Дар ҳамин ҷамъомад ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои рӯзноманигорони ҷавон мукофотҳо супорида шуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад консерти идона намоиш дода шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






