Ғ.ҚАЛАНДАРОВ ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ ДАФН КАРДА ШУД

Апрель 13, 2009 10:46

                 Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Тавре хабар дода шуда буд, арбоби намоёни сиёсӣ ва журналисти маъруфи тоҷик Ғоибназар Қаландаров чанд рӯз пеш дар шаҳри Санкт — Петербург аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ 12 апрел дар ҳамин ҷо ба хок супорида шуд. Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин муносибат ба унвони аҳли оила ва хешу таборони марҳум барқияи ҳамдардӣ фиристод.                Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки фаъолияти журналистии Ғ.Қаландаров аз рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» оғоз меёбад. Вай аз соли 1973 то соли 1977 сармуҳаррири ҳамин рӯзнома буд. Сипас ӯ дар давоми ҳафт сол мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон шуда кор кард. Ғ. Қаландаров моҳи феврали соли 1977 раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа то моҳи декабри соли 1988 кор кард.                Ӯ дар ин давра барои густариш додани фаъолияти Кумита ва рушди минбаъдаи он корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Ғ.Қаландаров иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст.  

Апрель 13, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд