ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАИ САФИРИ РУМИНИЯ

Апрель 21, 2009 12:42

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон Емил Рапча эътимоднома қабул намуд.                  «Тоҷикистон ба барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Руминия манфиатдор аст», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбаташ бо сафири нави ин кишвар, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт.               Емил Рапча дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дӯсти хуб ва шарики боэътимоди Руминия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст» ва афзуд, ки «Тоҷикистон дар кишвари ӯ чун пул ё пайвандгари Аврупо бо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст».                Ба гуфти Емил Рапча, роҳбарият ва мардуми Руминия аз талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими амнияту субот ва эҷоди фазои хуби ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хуб огоҳӣ доранд ва нақши Тоҷикистонро дар ин минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.               Дар мулоқот оид ба имконоти рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Руминия гуфтугӯ сурат гирифт.              Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истеҳсоли мебел, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пашму пӯст, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва ғайра барои ҳарду ҷониб судовар маънидод гардид.               Емил Рапча иттилоъ дод, ки ба наздикӣ Вазири тиҷорати Руминия бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард ва ҳадафи онҳо ташкил ва густариш додани ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ аст.               Дар робита ба ин таъкид гардид, ки вазифаи асосии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ эҷоди заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкорӣ мебошад.               Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 21, 2009 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд