ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМАИ САФИРИ ВАТИКАН

Апрель 22, 2009 15:02

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз эътимодномаи сафири фавқулодда ва Мухтори Ватикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мигел Мауру Буендияро қабул намуд.                М.М.Буендия баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳурӣ мухтасар сӯҳбат кард. Вай аз ҷумла, зикр намуд, ҳамроҳи Сарвари давлат масъалаҳоеро муҳокима кардааст, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба кӯмаки калон расонда метавонанд.                Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба муколамаи динҳои насронӣ ва ислом, инчунин, масъалаҳои марбут ба муколамаи фарҳангҳо баррасӣ шуданд. Сафири Ватикан изҳор намуд, ки Тоҷикистон фарҳанги бою қадима, таърихи тӯлонии динӣ ва адабиёту ҳунари беҳамто дорад ва метавонад бо кӯмаки Ватикан онҳоро дастраси мамлакатҳои дигари ҷаҳон гардонад. Ватикан кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мустаҳкамтар гардад. Мо мавқеи Тоҷикистонро дар ҷамъомадҳою мулоқотҳои гуногуни байналхалқӣ дастгирӣ менамоем, гуфт сафири Ватикан.                  Қайд карда шуд, ки Ватикан бештар аз 30 сол боз бо Донишгоҳи Алаҳзор ва мактабҳои дигари олии мамлакатҳои мусулмон ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунад. Аминам, ки Тоҷикистон ҳам дар муколамаи динҳо ва фарҳангҳо саҳми арзанда гузошта метавонад. Ин ба афзун гардидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ мусоидат хоҳад кард, гуфт дар хотима сафир.                                                                          Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 22, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд