ҚАЛЛОБОН БА ДАСТ АФТИДАНД

Апрель 10, 2009 16:21

                    Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Сокини ноҳияи Бохтар Фахриддин Чориев ва сокини шаҳри Қӯрғонтеппа М. Тӯраев ба ҳайси хизматчӣ, ки шахси мансабдор ба ҳисоб мераванд, дар ҶДММ «СОДОТ ТРАНСТУР»-и шаҳри Қӯрғонтеппа иҷрои вазифа намуда, бо истифода аз ваколати хизматии худ, дар давоми фаъолияти кориашон аз январи соли 2008 то январи 2009 маблағи 76009 сомонӣ чиптаҳои фурӯхташударо ба тариқи пинҳонӣ ва дар ҳисобот сари вақт нишон надода аз худ намуданд. Онҳо ба ин амалашон ба ҶДММ «СОДОТ ТРАНСТУР» зарари махсусан калон расониданд.                   Тавре аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбат ба номбурдаҳо бо моддаи 245 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, айни замон тафтишот идома дорад.  

Апрель 10, 2009 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд