ҚАРЗИ БОНКӢ БА ХОҶАГИҲОИ ХУРД ДОДА МЕШАВАД

Апрель 23, 2009 17:01

                Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шӯъбаи ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоб ба хоҷагиҳои пахтакор ба маблағи умумии 2 миллиону 376 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард.                Дар бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки қарзҳои нахустинро барои мавсими имсола 121 ҳоҷагӣ гирифтанд, ки дорои 1416 гектар замин мебошанд. Соли равон бонк ҷиҳати ҷудо кардани қарз аз 195 хоҷагии деҳқонӣ ба маблағи умумии 9 миллиону 790 ҳазор сомонӣ дархост гирифт.                Мавриди зикр аст, ки хоҷагиҳои соли равон қарзгирифта пурра маблағи соли гузашта гирифтаашонро ба бонк пардохт кардаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки хоҷагиҳои деҳқонии бузурги минтақа аз ӯҳдаи пардохти қарз ба таври бояду шояд баромада наметавонанд, аз ин рӯ соли ҷорӣ ҷудо кардани маблағ бештар ба хоҷагиҳои хурду миёна тавсия шудааст.

Апрель 23, 2009 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд