ҚАЗОҚҲО ДАР ДУШАНБЕ ГИРДИҲАМ ОМАДАНД

Апрель 20, 2009 16:16

                 Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 апрел дар шаҳри Душанбе нахустин Қурултойи хурди /Анҷуман/ қазоқҳои сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрон баргузор шуд.  Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталиб Ахметов ва муовини аввали раиси Анҷумани қазоқҳои ҷаҳон Талғат Мамашев иштирокдорони Анҷуманро шодбош гуфта, паёми табрикии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро расониданд.                  Талғат Мамашев гуфт, ки Ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва манфиату озодиҳои қазоқҳои бурунмарзӣ тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз онҳо Барномаи ҳукуматии «Оралман» (бозгашт ба ватан)аст, ки тибқи он беш аз 1 миллион қазоқҳо аз кишварҳои Муғулистон ва Чин ба ватан баргаштанд. Алҳол берун аз Қазоқистон 5 миллион қазоқ умр ба сар мебарад, ки иддае аз онҳо дар мавриди омӯзиши забони қазоқӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Талғат Мамашев афзуд, ки қаблан дар Ӯзбекистон 600 мактаби забони қазоқӣ фаъолият мекард, алҳол шумораи онҳо ба 300 адад мерасад. Чунин ҳолат дар Қиргизистон низ ба назар мерасад.                 Дар қурултой намояндагону роҳбарони ҷамъиятҳои қазоқҳои сокини Афғонистон Абдулзоҳир Абдулқаюм, Эрон Махмуд Ҷаманӣ, раиси созмони дӯстии «Тоҷикистон — Қазоқистон» Абдусаттор Нуралиев, намояндагони ҷамъиятҳои «Отан» /Қиргизистон/ Б. Ермекбаев, «Бойтерек» /Тоҷикистон/ З. Саминова ва дигарон доир ба таъмини ваҳдату якпорчагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, хусусан забони қазоқӣ, фарҳанг ва масъалаи бозгашти қазоқҳое, ки дар минтақаҳои ноороми ҷаҳон, хусусан Афғонистон умр ба сар мебаранд, баррасӣ шуд.                Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор қазоқҳо кору зиндагӣ намуда, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд. Қурултой бо ибтикори Сафорати Қазоқистон дар Душанбе ва чамъияти қазоқҳои Тоҷикистон «Бойтерек» баргузор шуд.

Апрель 20, 2009 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд