ҚАЗОҚҲОИ СОКИНИ АФҒОНИСТОН МЕХОҲАНД БА ВАТАНИ АҶДОДӢ БАРГА

Апрель 22, 2009 15:14

                Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи бозгашти қазоқҳои кишварҳои бурунмарзӣ ба Қазоқистон яке аз масъалаҳои умдаи нахустин Анҷумани /Қурултой/ хурди қазоқҳои сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон буд, ки дар Душанбе анҷом ёфт.                Дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сарвари ҷамъяити қазоқҳои Афғонистон Абдулзоҳир Абдулқаюм гуфт, дар Афғонистон ҳудуди сад хонаводаи қазоқ зиндагӣ мекунад, ки бо амри тақдир дар солҳои 20-30- қарни гузашта, ба ин кишвар ҳиҷрат намудаанд. Онҳо асосан дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Бағлон ва Имомсоҳиби музофоти Балху Самангон ва Қундуз зиндагӣ менамоянд.                 Абдулзоҳир Абдулқаюм мегӯяд, ки новобаста ба мушкилот қазоқҳои сокини Афғонистон забон ва дигар арзишу анъанаҳои миллии худро ҳифз менамоянд. Мо дар муҳити хонаводагӣ бо забони модарӣ гуфтугӯ менамоем, мегӯяд А. Абдулқаюм. Мавсуф афзуд вобаста ба ноором будани авзо дар Афғонистон қазоқҳои ин кишвар хостори бозгашт ба ватани аҷдодии худ — Қазоқистон ҳастанд. Ин пешниҳодро муовини аввали раиси Анҷумани байналмилалии қазоқҳои ҷаҳон Талғат Мамашев ҷонибдорӣ намуд.  

Апрель 22, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд