ҚОҲИР РАСУЛЗОДА: «КАМБУДИҲО НИЗ КАМ НЕСТАНД!»

Апрель 2, 2009 15:52

             Истаравшан, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло).- Бархе мактабиён баъди хатми синфи 9 аз мактаб берун мемонанд, чунки онҳо аз шароити оддии таҳсил маҳруманд,- гуфт Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳангоми сафари навбатии корияш ба шаҳри Истаравшан ва мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳия.             Ҳолати садамавии бинои мактаби таҳсилоти умумии №36, фарсудагиву таъмирталабии Омӯзишгоҳи касбию техникии №14 ва дигар муассисаву корхонаҳо Раиси вилояти Суғдро ба чунин хулоса овардааст. Бинобар ин, ӯ дар баромади хеш таъкид ба амал овард, ки дар хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан дар баробари дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисод, сохтмон, кишоварзӣ (масалан соҳаи кишоварзии шаҳр аз ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2008 дар байни шаҳру навоҳии вилоят соҳиби мақоми аввал ва ҷоизаи «Тоҷи заррин» гардид) ва ғайра камбудию норасоиҳо низ кам нестанд. Мавсуф дар ин бобат ба таври бояду шояд иҷро нагардидани Муроҷиати Сарвари давлат оид ба таъсиси гармхонаҳо, афзоиш додани истеҳсоли меваю сабзавот ва ба ин васила коҳиш додани нархи наво дар бозорҳо, истифодаи самаранок аз захираҳои мавҷуда дар мавриди барқарор кардани боғу токзорҳои кӯҳна, кашол ёфтани баъзе аз сохтмонҳои нотамом, вазъи ногувори роҳҳои автомобилгарди шаҳр, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, сустии корҳои тарғиботию таблиғотиро мисол овард. Ӯ ҳамчунин дар бобати ҳаллу фасли ин камбудиҳо, роҳҳои эмин мондан аз бӯҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ, тавсиаи истеҳсолот ва вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, беҳтар намудани рӯзгори мардум ва соири дигар масоили мубрами рӯз вазифагузорӣ кард.            -Агар мо пеши роҳи камбудию нуқсонҳоро нагирем, онҳо ба нуқсонҳои ҷиддӣ мубаддал мешаванд,- зикр намуд ӯ.            Бояд зикр намуд, ки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳини сафари хеш аз як қатор корхонаю ташкилот ва иншооту хоҷагиҳо дидан ба амал оварда, ба маркази тиби оилавӣ як баста компютер ва ба як қатор муассисаҳо, аз қабили литсей-интернати шаҳр телевизорҳои ранга ва ба 41 нафар тарбиятгирандагони ин парваришгоҳ, ки аз оилаҳои камбизоатанд, тӯҳфаҳо супорид.                                                            Таҳрири Жасмин Назарова

Апрель 2, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд