ҚУРБИ ПУЛИ МИЛЛӢ МӮЪТАДИЛ АСТ
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар моҳҳои охир дар бозори нақдии асъори ҷаҳон, бахусус дар баъзе аз мамлакатҳои ИДМ ба характери «шинокунанда» гирифтор шудани асъори миллии ин кишварҳо ба назар мерасад. Қурби асъор дар бозорҳои нақдии амалкунандаи Тоҷикистон, мувофиқи гузоришҳои ҳаррӯзаи Бонки Миллии Тоҷикистон чандон назаррас тағйир наёфта, пули миллӣ характери мӯътадилро расм карда аст. Ба иттилои хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар давоми чанд рӯзи охир дар қурби миёнаи харид ва фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои нақдӣ тағйироти ҷузъӣ ба назар расида, дар ҳудуди 3,83-3,85 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, қурби миёнаи харид ва фурӯши рубли русӣ ва евро мутаносибан 0,1130 — 0.1140 сомонӣ ва 5,08 — 5,13 сомониро ташкил медиҳанд. Қурби асъоре, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ фаъолият мекунанд, аз андаке зиёд шудани талабот ба рубли русӣ ва евро дарак медиҳад, ки ин шаҳодати фаъолтар гаштани амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро мебошад. Қурби миёна аз рӯи ин асъор мутаносибан дар сатҳи 0,11336 сомонӣ ва 4,9681 сомонӣ муқаррар гардид. Мавриди зикр аст, ки тамоюли таҳким ёфтани рубли русӣ ва евро нисбат ба доллари ИМА дар бисёр бозорҳои байналхалқии асъорӣ ба мушоҳида мерасад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






