ҲАҚДОР ҲАҚ МЕХОҲАД, ҚОНУНДОН-ЧӢ?
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кӣ мегӯяд, ки дар дохили кишвар сохтмончиёнро фиреб намедиҳанд?Иддаои мо аз гуфтаҳои боло он аст, ки ҶММ «Сохтмон-З» бо роҳбарии раиси он Х. Зоиров ва Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо сардории Х. Шарифов аз 30-юми январи соли 2003, ки дар асоси тендер муносибатҳои шартномавӣ доранд, барои корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 115 ҳазору 200 сомонӣ шартнома ба имзо расониданд. Барои корҳои иҷрошуда, ки 824 ҳазор сомониро ташкил додааст, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ба ҶММ «Сохтмон-З» ҳамагӣ 434 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. ҶММ «Сохтмон -З» ба прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи напардохтани ҳаққи корҳои иҷрошуда шикоят мебарад. Прокуратураи шаҳри Душанбе дар асоси омӯзиши ҳамаи ваҷҳҳои аризаи шикоятӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи баргардонидани маблағи 430 ҳазору 932 сомонӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод кард. Суди иқтисодӣ баъди омӯзиши аризаи даъвогӣ аз 5-уми августи соли 2005 «Мувофиқаи созиш»-и тарафайнро бо таъиноташ тасдиқ кард, ки дар асоси он раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ӯҳдадор шуд, ки қарзро ба маблағи 398 ҳазору 665 соионӣ то нимсолаи соли 2006 ба ҶММ «Сохтмон-З» пардохт хоҳад кард, аммо мутаассифона ӯҳдадориашро иҷро накард ва таиноти суд ноиҷро монд. Аз ин миён 6 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҶММ «Сохтмон-З» ҳаққи иҷрои кори сохтмончиёнро аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе рӯёнида наметавонад. Пас, вақте ки коргари оддӣ дар ҷои истиқоматаш ба ҳаққи худ соҳиб шуда наметавонад, дар хориҷи кишвар ба доди ӯ кӣ мерасад?