ҲАМКОРИҲОИ СОҲАВӢ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, раиси кумитаи мазкур Хурсандмурод Зикиров дар бораи фаъолияти семоҳаи кормандони соҳа маълумот дод. Мавсуф иброз дошт, ки ҷидду ҷаҳди Кумита оид ба таҳкими муносибатҳои бештар судманд бо ташкилотҳои сиёсӣ ва экологии байналмиллалӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо карда, сиёсати пеш гирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахши ҳалли масъалаҳои экологӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ҳаллу фасл мегарданд. Ҳамчунин низоми татбиқи лоиҳаҳои грантӣ дар ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ таъмин карда мешавад. Вохӯриҳои роҳбарияти Кумита бо намояндагони ташкилоти Созмони Миллали Муттаҳид, Комиссияи иқтисодии Аврупо дар Тоҷикистон, ОБСЕ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, корпусҳои дипломатии Ҷопон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мубодилаи таҷриба бо якқатор давлатҳои Осиёю Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ мусоидат намуд. Кумита сиёсати назорати давлатиро тибқи санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ҳамоҳанг сохта, дар ин давра 2983 рейдҳои соҳавӣ ва фаврӣ доир намуда, нисбати қонунвайронкунандагон 5488 супоришҳои иҷрояшон ҳатмӣ дод, ки 3519 адади онҳо иҷро гардидааст. Кумита дар ҳамкорӣ бо коршиносони ЮНЕСКО ҳуҷҷатҳои лозимаро оид ба рӯйхати Мероси Умумиҷаҳонии табиати Ёбоӣ ворид намудани Парки Миллии Тоҷикистон тартиб дода, ба созмони мазкур пешниҳод намуданд. Кумита дар давоми семоҳаи авали соли 2009 аз иҷрои ҳамаи вазифаҳои ба зима доштааш баромада тавонист.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






