ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧЕХИЯ

Апрель 20, 2009 12:22

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон Роберт Капетский эътимоднома қабул намуд.                   Зимни сӯҳбат бо Роберт Капетский, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.                   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои барқарорсозии робитаҳои пештараи Тоҷикистону Чехия ва густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «сатҳи имрӯзаи ҳамкории ду кишвар ба имконоти мавҷуда мутобиқат намекунад».                   Иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои нави обӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосӣ барои густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ арзёбӣ гардид.                    Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва Созмони Милали Муттаҳид зоҳир гардид. Гуфтугӯйи судманд оид ба масоили вобаста ба мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.                    Хотиррасон бояд кард, ки баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа хоҳад буд.

Апрель 20, 2009 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд