ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ИТАЛИЯ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Апрель 2, 2009 16:58

               Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дар ҷараёни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо котиби давлатии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия Сенатор Алфредо Мантика масъалаҳои равнақу ривоҷи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи ҳар ду мамлакат муҳокима шуданд.               Алфредо Мантика баъди мулоқоташ бо Ҳамрохон Зарифӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳар ду ҷониб ба тарафдории ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ақида изҳор намуданд. Зимни сӯҳбат инчунин проблемаҳои Афғонистон баррасӣ шуданд.               А.Мантика изҳор намуд, ки Италия ба гузаронидани конфронси махсус бахшида ба Афғонистон тайёрӣ мебинад. Дар он ҳамаи мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла, Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Ҳаминаш муҳим аст, ки дар конфронс намояндагони Эрон ва ИМА бевосита мулоқот хоҳанд кард, гуфт меҳмон.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми мулоқот Созишномаи ҳамкории ҳукуматҳои Тоҷикистону Италия дар соҳаҳои саноатию иқтисодӣ ва техникӣ ва протоколи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат имзо шуданд.  

Апрель 2, 2009 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд