ҲАМОВОЗӢ

Апрель 15, 2009 17:07

                   Душанбе, 15 апреля. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Иҷрокунандаи вазифаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки ҳамчун корманди собиқадори нақлиёти роҳи оҳани кишвар ва намояндаи русзабони аҳолии мамлакат аз Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ба парламенти мамлакат таассуроти калон ҳосил кардааст.                   В.Собкалов таъкид кард, ки Паёми Сарвари давлат пеш аз ҳама ниҳоят фарогиранда, далелнок ва таҳлилӣ буда, дастовардҳо ва проблемаҳои ҳаёти иқтисодии ҷумҳуриро дар бар мегирад.                   Баъдан Ҷаноби Олӣ на танҳо таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии чаҳониро ба иқтисоди кишвар ва проблемаҳои дар хоҷагии халқи мамлакат чойдоштаро якояк нишон медиҳад, балки роҳу василаҳои баромадан аз ин варта ва бартараф сохтани оқибатҳои онро равшану мушаххас баён намуд.                  Албатта, гуфтаҳо дар боби тезонидани корҳои сохтмони роҳу нерӯгоҳҳо, корбурди максадноки маблағҳо ва зудтар paҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ барои ман наздиктаранд, ки татбиқашон рузгори ҳар яки моро рангин хоҳад гардонд, гуфт В.Собкалов.                  Вай зикр намуд, ки ба ӯ рӯҳияи ватандӯстона ва интернатсионалистии суханронии Сарвари давлат писанд омадааст ва ҳар тоҷику тоҷикистониро ба ваҳдату бунёдкорӣ ва ҷасорату худшиносӣ даъват мекунад.                  Ба ақидаи В.Собкалов вақти он расидааст, ки ҳар яки мо дар атрофи роҳбари аввали кишварамон муттаҳид гардида, якдилона барои ободониву шодмонии имрӯзу ояндаи Ватани азизамон хизмат кунем. 

Апрель 15, 2009 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд