ҲХДТ ДАР ИСТАРАВШАН СОҲИБИ БОҒ ШУД
Истаравшан, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон акнун дар шаҳри Истаравшан боғу токзори худро дорад. Ногуфта намонад, ки бахши истаравшании ин ҳизб дар қисмати шимолу ғарбии шаҳр, дар деҳаи Ниҷонӣ дар як га замин боғ иборат аз 500 бех ниҳолҳои себ, нок, зардолу, олу, гелос ва дар майдони як гектар токзор иборат аз ангури навъҳои нодири чиллагӣ, тоифӣ ва кишмиши сиёҳу сафедро бунёд кард. «Дар бунёди боғу токзори ҲХДТ саҳми аъзои он аз ташкилоти ибтидоии деҳаи Ниҷонӣ, ки аз 150 нафар фаъолон иборат аст, калон мебошад», — гуфт раиси мақомоти иҷроияи маҳалии ҲХДТ Баҳодур Воситов. Фаъолони ҳизб имрӯзҳо дар барқарор кардани боғу токзорҳои кӯҳна дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» (иборат аз 15 га) ва хоҷагии деҳқонии «Ҳомид Восит» (иборат аз 10 га) саҳми худро мегузоранд. Таҳрири Жасмин Назарова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






