ҲИСОБКУНАКҲОИ НАВИ БАРҚ БА ТОҶИКИСТОН ВОРИД КАРДА ШУДАНД

Апрель 6, 2009 14:20

              Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Рӯзҳои охир 160 ҳазор асбоби нави андозагири қувваи барқи сохти Чин ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Ҳоло онҳо дар озмоишгоҳҳои агентии «Тоҷикстандарт» озмуда мешаванд. Асбобҳои нави андозагири қувваи барқ бо маблағи кӯмаки ҳукумати Швейтсария харида шуданд. Хабар дода шуд, ки 687 асбоби андозагири қувваи барқ дар озмоишгоҳҳои Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» аз санҷиш гузаронида шуд.                Асбобҳои нав якфазагӣ ва сефазагӣ мебошанд. Мутахассисони «Тоҷикстандарт» изҳор намуданд, ки онҳо ба тамоми талаботи меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ мебошанд.                Асбобҳои мазкур дар хонаҳои мардум бепул насб карда хоҳанд шуд.

Апрель 6, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд