Ҳ.КАРЗАЙ: «ТЕРРОРИЗМРО БЕ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ МАҒЛУБ КАРДАН ИМКОНН
Гаага, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» — Инфошос). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дар конфронси дар Гаага баргузоргардида изҳор намуд, ки дар мубориза ба муқобили терроризм бе ҳамкории самимонаю ҳамаҷонибаи давлатҳои минтақа ба ғалаба ноил гардидан мумкин нест. Тавре хабар дода шуда буд, дар конфронси мазкур Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай, муншии умумии СММ Пан Ги Мун, намояндаи махсуси СММ дар Афғонистон Кай Эйде, вазирони корҳои хориҷии Русия, ИМА ва мамлакатҳои дигар ширкат варзиданд. Дар он намояндагони бештар аз 75 мамлакати ҷаҳон ширкат дошт. Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Маҳдии Охундзода дар конфронс изҳор намуд, ки Теҳрон тайёр аст, бо Афғонистон дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ҳамкорӣ кунад. Вай зикр намуд, ки мамлакаташ ба Афғонистон барои барқарор сохтани иқтисодиёти он дар давраи баъди ҷанг кӯмак мерасонад. Президенти ИМА Б.Обама чанде пеш дар бораи барномаи нави стратегии Вашингтон дар Афғонистон ва Покистон сухан ронда, пешниҳод карда буд, ки бо иштироки мамлакатҳои ҳамсояи ин давлатҳо ва аъзоёни Созмони ҳамкории Шанхай гурӯҳи тамос ташкил карда шавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






