Ҳ. ЗАРИФӢ БА МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ БАҲОИ МУСБАТ ДОД

Апрель 30, 2009 18:07

                 Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо сафири нави фавқулъодда ва мухтори федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов мулоқот кард. Сафири Русия ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро супорид.                Баъдан Ҳамрохон Зарифӣ зимни сӯҳбат ба фаъолияти сафири пешинаи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов баҳои баланд дод, ки ба вусъат ёфтан ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои ҳар ду мамлакат мусоидат намудааст.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ. Зарифӣ ба вазъи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия баҳои мусбат дода, нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории ҳар ду кишварро дар соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва ғайра тарҳрезӣ намуд.                Дар ҷараёни сӯҳбат проблемаҳои дар муносибатҳои ҳар ду мамлакат вуҷуддошта баррасӣ намуда, барои ҳалли онҳо тавсиаҳо дода шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба анҷоми сохтмони НБО «Сангтӯда-1», тезонидани суръати ҳалли масъалаҳои ҷустуҷӯ ва кашф намудани манбаъҳои газ дар Тоҷикистон, иштироки минбаъдаи Русия дар ҳалли масъалаҳои истифодаи захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.               Сафир вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро дилпур сохт, ки барои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия тамоми таҷрибаю дониши худро истифода хоҳад кард.  Тарҷумон Қудратов А.

Апрель 30, 2009 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд