ҶАМБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он сардори идораи мазкур Азим Иброҳим доир ба фаъолияти соҳа дар давоми се моҳи гузашта маълумот дод. Бояд қайд намуд, дар семоҳаи соли 2009 аз тарафи мутахассисони саридораи номбурда ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 567 ҳазор зиёдтар мебошад.Зикр карда шуд, ки дар семоҳаи якум дар КМ «Зарафшон», ҶММ КМ «Анзоб», ҶШК «Сангтӯда-1», ҶДММ «Покрӯд» корҳои ҷустуҷӯии геологӣ гузаронида шуд. Инчунин саридораи геология, ҳамчун мақоми иҷроияи диҳандаи иҷозатнома барои истифодаи захираҳои табиӣ дар ин давра 50 лоиҳа қарордодҳоро ба муҳокимаи комиссияи ташхисии андоз пешниҳод намуда, 5 қарордоди ҳамкорӣ имзо кард. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки раёсати умумии геология аввали ҳамин сол дар шабакаи ҷаҳонии Интернет саҳифаи алоҳидаи худро кушод, қайд кард дар хотима А.Иброҳим.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






