ҶАМЪИЯТИ САҲҲОМИИ «ЧАРОҒ» ЛАМПАҲОИ ДИОДӢ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар асоси супориши Сарвари давлат Ҷамъияти саҳомии «Чароғ»-и шаҳри Исфара ӯҳдадор шудааст, ки истеҳсоли чароғҳои диодиро ба роҳ монад. Алҳол мутахассисон накшаи иқтисодии истеҳсоли лампаҳоро ба комиссияи истеҳсолии соҳаи саноатии кишвар пешниҳод намуданд.Ба андешаи мутахассисон истеҳсоли лампаҳои диодии ватанӣ нисбат ба воридоти он аз хориҷи кишвар як баробар арзонтар хохад буд. Агар арзон будани лампаҳои диодии кишвар як тарафи кор бошад, тарафи дигари он, пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ дар асоси супориши Сарвари давлат мебошад. Аз дигар ҷиҳат, фаъол шудани корхонаҳои саноатӣ боиси бештар ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид гардидани маблағҳо низ мегарданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






