22 АПРЕЛ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН — МОДАР ЭЪЛОН ШУД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Маҷмаи Кулли СММ қарорро дар бораи Рӯзи байналмилалии Замин — Модар эълон кардани 22 апрел якдилона маъқул донист. Дар қарор гуфта мешавад, ки барои ноил гардидан ба тавозуни одилонаи талаботу эҳтиёҷоти иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии наслҳои имрӯзаю оянда ба ҳамоҳангии вазъи мӯътадили табиат ва сайёраи Замин мусоидат кардан зарур аст. Бинобар ин Маҷмаи Кулли СММ ҳамаи давлатҳои аъзои худ, созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, шаҳрвандӣ ва ғайриҳукуматиро даъват менамояд, ки ҳар сол Рӯзи байналмилалии Замин — Модарро ботантана таҷлил намуда, дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, табиат ва сабзу хуррам гардондани мамлакатҳояшон тадбирҳои самарабахш андешанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қарори мазкур бо ташаббуси Боливия ва дастгирии бештар аз 50 давлати аъзои СММ қабул карда шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






