300 ГЕКТАР ЗАМИН БА КОР МЕДАРОЯД

Апрель 17, 2009 11:41

               Бадахшон, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳар чӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят чораҳои амалӣ меандешанд. Дар баробари бунёди корхонаҳои хурди кишоварзӣ, равнақи асалпарварию боғдорӣ, чорводорию паррандапарварӣ ба зиёд намудани масоҳати замини кишт аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.              Тавре сардори Раёсати хоҷагии оби вилоят Баҳодур Сулаймонов иттилоъ дод, таи соли охир дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим вазъи мелиоративии 240 гектар заминҳои обёришаванда беҳтар гардид. Тибқи супоришоти сарварони ҷумҳурӣ дар 2 соли охир бояд беш аз 500 гектар заминҳои нав аз худ карда шавад. Ба ин мақсад 770 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Тибқи нақша соли 2009 300 гектар замини нав мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳоло корҳои азхудкунии замин дар ноҳияи Роштқалъа ва обёрии чарогоҳҳои Мурғоб идома дорад.

Апрель 17, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд