9 МАЙ ДАР ПОЙТАХТ РАСМИ ГУЗАШТИ НИЗОМӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба шарафи 64 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт расми гузашти низомӣ баргузор хоҳад гашт. Дар он ҷузъу томҳои низомии Гарнизони Душанбе, Вазорати мудофиа, артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Артиши дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Айни ҳол интихоби ҷузъу томҳои беҳтарин барои иштирок дар расми гузашти низомӣ давом дорад. Расми гузашти низомӣ таҳти роҳбарии сардори Гарнизони Душанбе, генерал — майор Латиф Файзиев гузаронида мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






