90 КОРХОНА БА КОР САР КАРД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Муовини аввали Вазири энергетика ва саноати ҶТ Пулод Муҳиддинов дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои 3 моҳаи аввали соли равон хабар дод, ки аз аввали сол то имрӯз фаъолияти 90 корхона аз нав шурӯъ гардид. Ин корхонаҳо бо сабабҳои гуногун аз кор монда буданд. Пулод Муҳиддинов зикр намуд, ки дар ин давра дар фаъолияти вазорат ва муассисаҳои тобеи он ҳам дастовардҳои мусбат ва ҳам камбудию норасоиҳо мушоҳида карда шуд. То имрӯз дар мамлакат 775 корхонаи тобеи вазорат фаъолият дорад, аз ин ҷумла 195 корхона кор намекунад. Сабаби асосии он ба фурӯш нарафтани маҳсулоташон, нарасидани ашёи хом, нархҳои гарон ва ғайра мебошад. Бояд гуфт, ки баъзеи ин корхонаҳо ба таври мавсимӣ кор мекунанд. Муовини вазир хабар дод, ки аз аввали сол то имрӯз, дар ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 218 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Корхонаҳои тобеи вазорат дар ин муддат ба маблағи 290 миллион сомонӣ хизматҳои пулакӣ расонданд, ки нисбат ба давраи соли гузашта 27 миллион сомонӣ зиёд аст.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






