АФЗОИШИ САРМОЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗДИҲӢ

Апрель 10, 2009 17:14

                Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ — бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1 089 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,3 фоиз зиёд аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.                Аз ҷумла, сармояи тавозунии бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарзӣ ба 972 миллион сомонӣ, ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ба 5 миллион сомонӣ ва сармояи ташкилотҳои маблағгузории хурд ба 112 миллион сомонӣ баробар шуд.                Бояд тазаккур дод, ки яке аз омилҳои зиёдшавии сармояи ташкилотҳои қарзӣ ин ҷалби маблағҳои нав ба сармояи оинномавӣ мебошад.

Апрель 10, 2009 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд