«АГРОИНВЕСТБОНК» ДАР КӮЛОБ ҲАҶМИ ҚАРЗҲОИ БОВАРИНОКРО МЕАФЗОЯД

Апрель 23, 2009 17:02

               Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар минтақаи Кӯлоб аз оғози соли ҷорӣ ҶСК «Агроинвестбонк» дар посух ба пешниҳоди сарвари давлат оид ба содда кардани низоми қарздиҳӣ ба шаҳрвандон 78 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард.               Аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гурӯҳи иборат аз 6-12 нафар метавонад ҷиҳати роҳандозӣ ва рушди як намуди фаъолияте муттаҳид гардида, аз бонк қарз гирад. Шарти асосии пешниҳоди ин намуди қарз якдигарро хуб донистани аъзои гурӯҳ ва кафил будани онҳо ба якдигар барои қарз аст.               Таҳти кафолати гурӯҳӣ бонк маротибаи аввал ба маблағи то 1 000 сомонӣ қарз дода мешавад. Соли гузашта чунин тарзи пешниҳоди қарз дар 16 гурӯҳ — иборат аз 178 нафар дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Кӯлоб санҷида шуда, бобати саривақт баргардонидани қарзҳо ҳеҷ мушкилоте пеш наомадааст.

Апрель 23, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд