АМАЛӢ ШУДАНИ ЛОИҲАҲО ШУМОРАИ БЕКОРОНРО КАМ МЕКУНАД

Апрель 13, 2009 11:38

              Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, яке аз роҳҳои кам кардани шумораи бекорон дар кишвар ҷалби аҳолӣ дар амалӣ намудани лоиҳаҳои пешбинишуда оид ба сохтмони роҳу коммуникатсия ва дигар чорабиниҳои давлатӣ мебошад.              Шумораи бекорони расмӣ эътирофшуда 43 ҳазору 371 нафарро ташкил медиҳад.              «Агар дар амалӣ шудани ҳар лоиҳае, ки аз 50 то 200 млн. сомонӣ маблағгузорӣ мешавад, то 200 нафар коргар ба ҷои кор таъмин гардад, он вақт имкони 10 ҳазор ҷои кори доимӣ дар мамлакат пайдо шуда, маблағи лоиҳаҳо дар дохили кишвар хоҳад монд ва аз тарафи дигар ба буҷа низ аз ин ҳисоб маблағи зиёд ворид хоҳад шуд»,-иброз намуд вазир.

Апрель 13, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд