АНҶОМИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ НАЗДИК АСТ

Апрель 18, 2009 11:17

              Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). -Сохтмони долонҳои зидди тарма (галерея), ки дарозии 3 645 метр ва бо арзиши умумии 30,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.               Тавре директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ» Қодир Саидов иттилоъ дод, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ ва таҷдид, роҳи Душанбе -Чаноқ ба 3 қитъа ва галереяю нақб тақсим карда шудааст.              Дар як қисмати қитъаҳои роҳ, корҳои кандани қабати болопӯши замин ва таҳкурсии роҳ, корҳо барои сохтмони таҳкурсии хокрезаи роҳ, корҳои васеъ намудани хокрезаи роҳ, корҳои ташкилӣ барои сохтмони роҳҳои муваққатӣ, кандани нақб, хобонидани қубурҳои обгузар, сохтмони кӯпрукҳо ва долонҳои зидди тарма (галереяҳо) аз ҷониби пудратчӣ бо муваффақият иҷро шуда истодааст. Дар назар аст, ки анҷоми корҳои сохтмонӣ то соли 2010 ба анҷом расида, иншооти мазкур пурра мавриди баҳраварди қарор меёбад.

Апрель 18, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд